Ташдиди музокира бо Путин Макронро тарсонд

Суҳбати тӯлонии раҳбарони ду кишвар сиёсатмадори фаронсавиро ба мушоҳидаҳои ғайриоддӣ водор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар ҷараёни музокироти раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои фаронсавии ӯ Эммануэл Макрон ахирӣ тавонист як хусусияти ғайриоддии раҳбари Кремлро мушоҳида кунад.
Кишвардори Фаронса зимни суҳбат бо хабарнигорони шабакаи телевизионии BFM дар бораи ин ҳодиса изҳори назар кард.

"Ӯ (Владимир Путин - идора.) дирӯз аз нисбат бо ҳолоти маъмулӣ камтар шӯхӣ кард, ташдид дар гуфтораш намоён буд", - гуфт Макрон.

Ёдовар мешавем, ки президенти Фаронса Эммануэл Макрон 7 феврали соли 2022 барои мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин аз Маскав боздид кард.
Гуфтушунид бештар аз 5 соат давом кард. Дар натиҷа Путин гуфт, ки мулоқот муфид ва пурмазмун буд ва Макрон низ ҳамин фикрро баён дошт.
Ҷонибҳо дар бораи кафолатҳои амниятии Русия ба ИМА ва НАТО табодули назар карданд. Президенти Русия қайд кард, ки ин масъала то ҳол эътибор дорад, аммо муколама ба охир нарасидааст.
Путин Макронро дар авлавияти интихоб қарор дод
Сарони давлатҳо ҳамчунин вазъи низоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ карданд.
Раҳбари Фаронса аз Путин дар мавриди аҳамияти тавофуқоти Минск ҳамчун заминаи рафъи танишҳо пуштибонӣ кард.
Дар натиҷа, Фаронса ва Русия ба мувофиқа расиданд, ки дар бораи кафолатҳои амниятӣ барои эҷоди сулҳи қавӣ дар Аврупо ҳамкорӣ кунанд.
Оё умедҳои маскавии Макрон бароварда мешаванд?
Дар давоми ҳафтаи охир Путин ва Макрон се бор - 28 ва 31 январ ва ҳамчунин 3 феврал телефонӣ суҳбат карданд.
Раисҷумҳури Фаронса ваъда додааст, ки пас аз боздид аз Киев ва мулоқот бо Зеленский як тамоси бори дигар тамос мегирад.