Дафн аз рӯи тартиб: Раиси Кумитаи дин аз қатъи худсарӣ дар гӯристонҳои Тоҷикистон гуфт

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон мегӯяд, худсариҳо дар оромгоҳҳои ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, тартибот ҷорӣ гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо гуфт, бо қарори ҳукумат тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо амалӣ шуда истодааст, ки боиси коҳиши худсариҳо гардидааст.
Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, тартиботи дафн дар қабристонҳои кишвар мисли пештара нест. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ҳар кас мехост, дохили қабристон мешуду макони калон ё ҷои мушаххасеро интихоб мекард, ки маҳз дар он ҷо ӯро ба хок супоранд.
Таъкид шудааст, ки тибқи тартиботи ҷорӣ, ин ҳолатҳо иҷозат дода намешаванд ва аллакай дар гӯристонҳои Душанбе дафн аз рӯи тартиб сурат гирифта истодааст, на дар ҷои қаблан муайяншуда.
Аз мотам дар оилаи президент то муллою табибон: ғам дар соли 2021 дари киро кӯфт?
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дин, корҳо дар самти нигоҳдорию таъмини тартибот дар гӯристонҳои кишвар идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси тартиботи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда мешавад.
Масофаи байни қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар гардидааст.