ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Шуҳрат Мақсудзода, раиси "Тоҷиксуғурта" мегӯяд, агар солҳои 2018-2019 даромади корхона аз ҳисоби суғуртаҳои ҳатмӣ ҳудуди 70% буд, ҳозир ин нишондиҳанда камтар аз 10% аст.
Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, феълан беш аз 90%-и даромади "Тоҷиксуғурта" аз ҳисоби бимаи ихтиёрист.
Ӯ чунин ҳолатро аз як тараф ба афзоиши эътимод ба "Тоҷиксуғурта" ва аз тарафи дигар ба боло рафтани маърифати марути бима дар ҷомеа рабт дод.
"Мардум дарк карда истодаанд, ки суғурта роҳи ҳифзи иҷтимоӣ, молу мулк, фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра мебошад", - гуфт раиси "Тоҷиксуғурта".
Ба иттилои вай, соли 2021 беш аз 599 ҳазор шартномаи суғуртавӣ бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ баста шудаанд, ки 92,6%-аш ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд. Раис теъдоди шартномаҳои марбути суғуртаҳои ҳатмиро ҳудуди 28,5 ҳазор гуфт.
Даромади "Тоҷиксуғурта" дар соли гузашта ҳудуди 35,5 миллион сомонӣ арзёбӣ шуд, ки аз нақша 22% фоиз зиёд мебошад.
Дар мавриди он ки кадом намудҳои суғурта нисбатан маъруфанд, Мақсудзода изҳор дошт, ки ба суғуртаи амволи шахсони ҳуқуқӣ 17 миллион сомонӣ - 46,6% -и даромади умумӣ рост меояд. Суғуртаи ҳолатҳои нохуш 22,7% ва амволи шаҳрвандон - 16,5%-ро дар ҳаҷми умумии даромади "Тоҷиксуғурта" дар соли 2021 ташкил додааст.