ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бо дастури раиси вилояти Хатлон дар бинои Литсейи касбӣ-саноатии кимиёии шаҳри Левакант осорхонаи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - пешвои миллат Раҳмон" ташкил мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии мақомоти ин вилоят хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳамроҳ бо Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз Литсейи касбӣ-саноатии кимиёии шаҳри Левакант, ки мавриди азнавсозӣ қарор дорад, дидан кардаанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки таъмиру азнавсозии муассисаи мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо асбоби аёнии дарсӣ роҳандозӣ гардидааст.
“Бо дастури раиси вилоят дар ин боргоҳи маърифат осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда мешавад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Хадамоти матбуотии вилоят зикр кард, ки роҳбари Тоҷикистон охири солҳои 60-уми асри гузашта дар омӯзишгоҳи касбию техникии №40-и шаҳри Калининобод (Литсейи касбӣ-саноатии кимиёии шаҳри Леваканти имрӯз) таҳсил кардааст.
“Аёниятҳои таълимии замони таҳсили президенти Тоҷикистон дар ин таълимгоҳ ҷамъоварӣ гардида, дар осорхона маҳфуз дошта мешаванд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр кардааст, ки осорхонаи Эмомалӣ Раҳмонро мувофиқ ба солҳои 60-70-уми асри пор, бо кандакорию гаҷкорӣ бисозанд ва асбобҳои аёнии дарси онвақтаро ҷамъоварӣ намоянд.
Дар идома Раиси вилоят ба масъулин дастур додааст, ки аз ҳама имкониятҳои мавҷуд истифода намуда, осорхонаро дар муҳлати муайян ба истифода диҳанд.
Мавриди зикр аст, ки Литсейи касбӣ-саноатии кимиёии шаҳри Левакант соли 1967 таъсис ёфтааст. Ҳоло литсей аз се бинои таълимӣ, се хобгоҳ, ошхонаю майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст, ки дар масоҳати беш аз 5 ҳектор ҷой гирифтааст. Шумораи касбомӯзон дар литсейи мазкур 344 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз рӯйи 10 ихтисос дар ин омӯзишгоҳ таълим мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бинои таълимии факултаи иқтисодӣ ва молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи "Пешвои миллат"-ро ифтитоҳ карда буданд.