Тақдими техника ба се муассисаи шаҳри Кӯлоб

Ба се муассисаи давлатии шаҳри Кӯлоб техникаҳои нав тақдим шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Шаҳрдории Кӯлоб хабар додааст, ки аз ҷониби мақомоти шаҳр ба идораҳои рӯшаннамоию реклама, Муассисаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, ба ҳар яке як ададӣ техникаи замонавӣ тақдим гардид.
Кормандони ин се муассисаи шаҳр имкон пайдо кардаанд, ки дар иваз намудани шиору овезаҳо, рӯшаннамоӣ ва ҳамчунин дар дигар корҳои муҳиму лозим аз техникаҳои замонавӣ истифода намоянд.
Масъулини ин муассисаҳо ворид гардидани техникаҳои замонавиро басо муҳиму саривақтӣ арзёби кардаанд.
Воридоти техника аз Ҷопону Корея осон мешавад: вазир суди созишнома бо Покистонро гуфт
“Акнун масъулинро мебояд, ки истифодаи самараноки техникаҳоро таъмин намоянд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар баробари бунёду таҷдиди роҳҳои шаҳри Кӯлоб инчунин рӯшаннамоӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ бо истифода аз техникаву механизмҳои нав ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мақомоти шаҳри Кӯлоб қарор дорад.