Прокуратураи Хатлон нисбати 19 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

Мақомоти вилояти Хатлон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати 19 корманди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Прокуратураи вилояти Хатлон ахиран зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта нисбати 19 мақоми ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 18 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Масъулин гуфтанд, ки 12 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 13 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.
Вай гуфт, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 7087 ҷиноят ба қайд гирифта шуд.
Фоҳиша кам шуду ҷиноят зиёд: гузориши ВКД
Ба гуфтаи вай, шумори ҷиноятҳо нисбати соли 2020 96 маврид зиёд шудааст.
“Кушодашавии ҷиноятҳо 83 дарсадро ташкил медиҳад”, – илова кард Варқа Зайниддин, як мақоми масъул дар додситонии вилояти Хатлон.