ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Сездаҳ нафар аз табибон аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Бошқирдистон мераванд. Дар ин бора аз Вазорати оила, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин ҷумҳурӣ хабар додааст.
Ин табибони тоҷик дар давраҳои омӯзишии Донишгоҳи тиббии Бошқирдистон ширкат карда будаанд.
Раҳбари ин ниҳод Ленара Иванова ба мутахассисон шаҳодатномаҳои иштироккунандагони барномаи махсусеро, ки соли сеюм аст, ки дар ин макон пиёда шудааст, додааст.
"Умедворем, ки онҳо ба зудӣ дар соҳаи тандурустӣ ба манфиати сокинон ба кори пурсамар шуруъ мекунанд", - таъкид кард вазир.
Барномаи мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия ба хотири коҳиши камбуди кадрҳост.
Аз аввали соли 2022 ба ин шуъба аз хоҳишмандони кӯчидан ба ин минтақа қариб 40 ариза ворид шудааст.
Дар барнома дар маҷмуъ беш аз 330 нафар ширкат кардаанд. Ба он шаҳрвандони Ӯзбекистон, Арманистон, Туркманистон, Молдова, Озарбойҷон ва Украина ворид мешаванд.
Пештар хабар дода шуд, ки пизишкон аз Тоҷикистон барои таҳсил ба Маскав рафтаанд. Ин мутахассисон курсҳои роҳи коҳиш додани хатари фавти модарону кӯдаконро омӯхтаанд.
Кормандони Вазорати тандурустии Русия ин семинарҳоро барои 48 нафар пизишк аз Тоҷикистон дар бахшҳои момодоягӣ, неонатология, анестезиологӣ-реаниматологӣ ташкил карда буданд.