Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Коҳиши теъдоди гирифторони COVID дар Тоҷикистон

Омори нави паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ки Вазорати тандурустӣ онро нашр кардааст, аз коҳиши гирифторӣ ба COVID дар кишвар дарак медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба рӯзи қаблӣ (5 ҳолат) камтар мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи одамоне, ки тайи як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 5 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Аз аввали бақайдгирӣ ин беморӣ дар кишвар 17 344 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора то кунун 17 188 нафар шифо ёфтаанд.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Халосии абадӣ: ҳамагири коронавирус кай хотима меёбад?
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.