Чаро Ҷинпин бо Путин салом накард? Шарҳи Кремл

Роҳбари протоколи сафари Чин Владислав Китаев дастфишорӣ накардани кишвардорони Чин ва Русияро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бидуни дастфишорӣ сурат гирифт, зеро ҳамкасбони чинӣ ба далели вазъи коронаӣ чунин як оғози дидорро дархост карда буданд.
Дар ин бора Владислав Китаев, раиси протоколи кишвардори Русия дар барномаи "Москва. Кремл. Путин", дар мусоҳиба бо Павел Зарубин иттилоъ дод.
Зимни мусоҳиба аз Китаев пурсида шуд, ки чаро Путин ва Си Ҷинпин ҳангоми мулоқот дастфишурӣ накарданд, ҳарчанд қаблан ҳама вақт дастфишорӣ дар чунин дидорҳо ҷой дошт.

"Хуб, на ҳамеша. Хонум Меркел (садри аъзами собиқи Олмон Ангела - идора.), ки моҳи августи соли гузашта аз Маскав боздид кард, аз протоколи ӯ низ дархост шуда буд, ки бо ӯ дастфишорӣ нашавад. Барои ҳамин мо ба ӯ гулдаста тақдим кардем", - гуфт ӯ.

Ба қавли Китаев, ҳамаи ин амалиёт пешакӣ мувофиқа шуда буд. Китаев мегӯяд, ин дафъа ҳам ҳамкасбони чинӣ хоҳиш карданд, ки дидор бе дастфишорӣ сурат гирад.
"Ин ягон ҷиноят нест. Ва бо ин розӣ шудем. Президент медонист, ки ба кишвардори Чин бояд даст дароз накунад", - гуфт Китаев.
Китаев афзуд, дар ин тасмим ягон сигнали сиёсӣ вуҷуд надорад.
Аз амири Қатар то Имрон Хону Тоқаев: Раҳмон дар Пекин бо кӣ вохӯрд?
"Мутлақо. Бе ягон сиёсат. Ин як кӯшиши ҷилавгирӣ аз баъзе хатарҳо ва мушкилиҳои марбут ба коронавирус аст", - таъкид кард роҳбари протоколи президенти Федератсияи Русия.
Ӯ ба суоли рӯзноманигор дар бораи муносибати Путин ба дархости ҳамкасбонаш дар ҷиҳати тағйир додани протокол дар ҷаласаҳо бар асари коронавирус низ посух дод.
"Барои ман гуфтан душвор аст, ки дигар раҳбарон чӣ муносибат доранд, аммо кишвардори мо муносибати хуб дорад. Агар аз ҳамкорон ягон дархосте шавад, ҳамеша хоҳиши онҳоро иҷро мекунад", - гуфт Китаев.
Аз ин рӯ баъзан раҳбарони давлатҳо ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд ва гоҳе дар сари суфра суҳбат мекунанд, афзуд Китаев.