Заминҷунбӣ дар Афғонистон Душанберо низ ларзонд

Сокинони бархе аз навоҳии пойтахти Тоҷикистон заминларзаро эҳсос кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Афғонистон заминлазра рӯх додааст, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ҳамин тавр, рӯзи шанбе, 5 феврал, соати 08:46 ба вақти маҳаллӣ олимон ларзишҳои заминро дар қаламрави Афғонистон сабт кардаанд.
Шиддати заминларза 6,8 балл буд.
Маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва дар умқи 225 километр гуфта шудааст.
Сабти заминларза дар пойтахти Тоҷикистон
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки заминларза дар маркази Душанбе тақрибан эҳсос нашудааст, аммо манзилҳои сокинони ноҳияи Шоҳмансур ва микрорайони 84-ро хеле сахт такон додааст.

"Ба иттилои Пажуҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, қувваи ин зилзила дар маркази он 6 балл буда ва дар Душанбе зилзилаи 3-баллӣ эҳсос шудааст", — мегӯяд Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар.

Дар бораи талафот ва хисорот аз он маълумоте дарҷ нашудааст.
Зимнан ларзиши замин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбакистони ҳамсоя низ эҳсос шудааст.
Дар вилояти Сурхондарё қувваи зилзила чаҳор ва дар дигар манотиқи кишвар 3-4 балро ташкил додааст.
Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбакистон гуфтааст, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором ворид мешаванд.