ДУШАНБЕ, 5 фев - Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, аммо сардиҳои шидид фаро мерасад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 25-30, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 (дар мавзеи Булункӯл аз 43-45 дараҷа хунук) ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 рӯзона бошад аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон мегӯянд, дар Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбанда ва фаромадани тормеғ (туман) мунтазир буда, ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт низ фаромадани тормеғ ва каме сардӣ пешгӯӣ мешавад, Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.