ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Русия карантини ҳатмӣ барои афроди тамосдошта бо гирифторони COVID-19 лағв гардид.
Қарори имзокардаи сардухтури санитарии Русия Анна Попова дар ин бора дар пойгоҳи иттилои ҳуқуқӣ нашр гардидааст.
Санади мазкур аз рӯзи якшанбеи 6 феврал мавриди амал қарор гирифта, бар асоси он тамосдоштаҳо бо маризони коронавирус маҷбур нестанд, гӯшанишинӣ кунанд.
Таъкид шудааст, ки ин санад ҳамчунин ба онҳое рабт дорад, то амалӣ шудани ин санад дар гӯшанишинӣ қарор доштанд.
Қаблан роҳбари "Роспотребнадзор" изҳор карда буд, ки карантин барои иртиботдоштаҳо лағв мегардад, чун ба далели махсусиятҳои паҳншавии омикрон чунин маҳдудиятҳо маъние надоранд.
Маврид ба зикр аст, ки навъи нави COVID-19 бори аввал дар Африқои ҷанубӣ ва Ботсвана ошкор шуда буд. Аз дигар навъҳо бо суръати баланди паҳншавӣ фарқ мекард.
Пайдоиши омикрон мавҷи нави бемориро дар саросари ҷаҳон дар пай дошт. Дар Русия аз сабти 177 282 ҳолати гирифторӣ хабар доданд.
Ин дар ҳолест, ки профессори Донишгоҳи Арасту Демосфен Сарияннис бар ин аст, ки пандемияи коронавирус пас 20-уми феврал анҷом меёбад. Ба гуфтаи ӯ, барои ин кор коҳиши сирояти омикрон ва масуниятгирии қисми зиёди одамон мусоидат мекунанд. Дар зимн профессор хуруҷи навъҳои дигари COVID-19-ро истисно накард.