ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Хадамоти иҷрои назди президенти Тоҷикистон алиментситониро мушкилтарин қисмати фаъолияти худ арзёбӣ кард ва гуфт, агар бархӯрди ҳирфаӣ нашавад, паёмадҳои ногувореро низ дар пай хоҳад дошт.
Абдуманнон Холиқов, муовини раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, дар шарҳи мушкилоти ин ниҳод гуфт, иҷрои қарори судҳо дар бораи ситонидани алимент давомнок ва вақти тӯлониро тақозо мекунад.
“Аз вақте ки ҳалномаи суд содир мешавад то 18 – солагӣ (-и шахс) давом мекунад, марҳилавӣ аст, бояд мо назорат кунем. Мушкили назорат ҳам дар ин аст, ки тақрибан 90 ҳазор иҷроварақаи ситонидани алимент рӯи мизи иҷрочиёни судӣ қарор дорад ва назорати он ҳам аз мушкилоти асосӣ аст”, - гуфт Абдуманнон Холиқов.
Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, теъдоди алиментсупорандагон дар кишвар 89 ҳазору 664 нафарро ташкил мекунад. Бино ба қонунҳои Тоҷикистон, алимент 25% - и маоши фардро ташкил мекунад ва дар ҳоли бекор будани ӯ маблағи ҳадди ақали он 150 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, алайҳи афроде, ки барқасдона алимент намесупоранд, мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд ва онҳое, ки фирор кардаанд, таҳти кофтуков қарор хоҳанд гирифт.
Муовини раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани афрод роҳи мақбули ҳалли мушкил нест, аз ин хотир, Хадамот дар ҳоли ҷустуҷӯи роҳҳалҳои дигар аст. Вай афзуд, яке аз роҳҳо иҷроӣ шудани конвенсияҳои Минску Кишинёв дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар умури шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ ҳамкорӣ аст.
“Ҳоло мо таҳқиқ карда истодаем, ки дар ҷумҳурии мо аз ҳамин ҳудуди 90 ҳазор алиментсупоранда чӣ теъдод дар ҳудуди кишварҳои узви ин конвенсияҳо ҳастанд, қабл аз ҳама Русияву Қазоқистон. Мо дар ин маврид бо вазорати меҳнат ва ҳам Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳамсӯҳбат шудем”, - гуфт Абдуманнон Холиқов.
Конвенсияҳои кӯмаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар умури шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ, ки соли 1993 дар Минск ва соли 2007 дар Кишинёв ба имзо расида, Тоҷикистон узвияти ҳардуро дорад, кишварҳои узвро аз ҷумла муваззаф ба ҳамкорӣ дар қисмати ситонидани алиментҳо мекунад.
Муовини раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, яке аз мушкилот муайян кардани ҷои кору истиқомати афроди алиментсупорандаест, ки дар кишварҳои узви ин конвенсияҳо зиндагӣ мекунанд.
“Масалан, Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳам ҷои кор ва ҳам ҷои истиқомати шаҳрвандони хориҷиро ба қайд мегирад. Ба тахмини мо, аз ҳамин ҳудуди 90 ҳазор алиментсупоранда шояд ки то 30 ҳазор нафараш дар Русия бошанд. Мо аз онҳо расман дархост мекунем, ки барои маълум кардани ҷои кору истиқомати алиментсупоранда кӯмак кунад”, - гуфт Абдуманнон Холиқов.
Муовини раиси Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ҳамзамон аз ҳалли мушкили алиментситонӣ тариқи назорати электронӣ суҳбат кард, ки дар ҳоли ҳозир то ҷое тариқи кортҳои алимент роҳандозӣ шуда, ба воситаи “Амонатбонк” амалӣ мешавад.
“Ин ҳама роҳҳоест, ки мо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ накашем. Касе дар ин манфиатдор нест. На давлат, на ҷомиа, на хадамот. Аз ин хотир, давлат ҳеҷ манфиате ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан надорад. Аммо онҳое, ки ашаддӣ ҳастанд, аз иҷрои қонун саркашӣ мекунад, ба ҷавобгарӣ мекашем”, - гуфт Абдуманнон Холиқов.
Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои Тоҷикистон, теъдоди алиментдиҳандагон дар Тоҷикистон солона рӯ ба афзоиш буда, соли 2021 ба теъдоди 13 ҳазору 137 ариза барои ситонидани алимент ба ин ниҳод расидааст, ки дар қиёс бо соли 2020 1983 адад зиёд аст.