ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Генерал Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, соли гузашта 410 қарздор аз алимент мавриди кофтукоби расмӣ эълон карда шуданд. Ин нишондиҳанда соли 2020 ба 374 нафар баробар буд.
Саидвализода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба далели он, ки бархе аз саркашҳо аз пардохти алимент дар хориҷи кишвар қарор доранд, онҳо мавриди пайгарди байналмилалӣ эълон мешаванд. Таъкид шуд, пайдо ва баргардондани чунин афрод, аллакай салоҳияти мақомоти умури дохилӣ мебошад.
Ӯ афзуд, ки дар маҷмуъ соли гузашта доодситонӣ алайҳи 658 нафар дар робита ба саркашӣ аз пардохти алимент парванда боз намуд. Теъдоди чунин афрод соли 2020 ба 374 нафар баробар буд.
Генерал афзуд, дар дасти Хадамоти иҷро зиёда аз 89 ҳазору 600 санади судӣ мавҷуд аст.
Дар мавридид он ки чаро санадҳои судӣ, ки бояд иҷро шаванд, сол ба сол зиёд мегарданд, Саидвализода гуфт, ин ҳолат ба зиёд шудани муносиботи ҷамъиятию аҳолӣ ва нисбатан кам будани шумори кормандони хадамоти иҷро марбут аст.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 256 иҷрочӣ фаъолият мекунад, ки ба ҳисоби миёна сари ҳар кадомаш 1000 - 1200 санади судӣ рост меояд.
Роҳбари Хадамоти иҷро гуфт, бо вуҷуди зиёд будани сарборӣ дар натиҷаи ташкили дурусти кор ва назорат иҷрои санадҳои судӣ таъмин ва маблағҳои рӯёнидашуда афзоиш ёфтаанд.