Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳар ваҷабро ҳифз мекунем: Аҳмадзода гуфт, кори аломатгузории сарҳад кай оғоз мешавад

Тоҷикистон масоили марзиро бо Қирғизистон дар доираи қонунҳои амалкунанда, бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар умури аломатгузории сарҳад аз 7 феврал кори худро оғоз мекунад.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ҳоло як гурӯҳи корӣ кор карда истодаст. "Мақсаду мароми мо таъмини амнияту тартибот дар сарҳад ва аҳолии наздисарҳадӣ аст", - афзуд ӯ.
Ӯ гуфт, бо раиси вилояти Ботканд тамоси зич доранд ва ҳар як баҳсро дар ҷояш ҳаллу фасл мекунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зери назорати Раҳмон. Мақомот ба ҳалли муноқишаи марзӣ вазифадор гардидаанд
Ба гуфти Аҳмадзода, тамоми масъалаҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда, бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.
Раиси вилоят гуфт, ҷониби Тоҷикистон аз асноди солҳои 1924-1927 ва Қирғизистон бошад, ба ҳуҷҷатҳои соли 1989 такя мекунад.
"Дар асоси қонунҳои амалкунанда ва асноди мавҷуда ҳар ваҷаб заминамонро ҳифз хоҳем кард. Тавре маълум аст, дар баъзе маҳалҳо хонаҳои паҳлу ба паҳлу ҳастанд, ки ин корро комиссияи муштарак ҳал хоҳад кард", - гуфт Аҳмадзода
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хисороти даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.