Маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин - акс

Бозиҳои олимпии зимистона дар шаҳри Пекин, ки аз 4 то 20-уми феврал давом мекунанд, бо иштироки чеҳраҳои шинохтаи бахшҳои мухталиф зимни як рӯйдоди пуршукӯҳ ифтитоҳ ёфтанд
Sputnik
Дар маросими ифтитоҳи XXIV Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар варзишгоҳи "Ошёни паранда"-и Пекин роҳпаймоии ҳайатҳои кишварҳои иштирокдор ва намоиши ҳунарӣ баргузор гардид.
1 / 16

Тими Русия дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, зери парчами Кумитаи олимпии ин кишвар роҳпаймоӣ мекунанд.

2 / 16

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аз маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии 2022 боздид кард.

3 / 16

Парчами Чинро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона ба майдон бароварданд.

4 / 16

Си Ҷинпин, роҳбари Чин, мизбони Бозиҳои олимпии зимистона дар расми ифтитоҳ дар варзишгоҳи "Ошёни паранда"- "Bird's Nest", дар Пекин

5 / 16

Парчами Чин дар марсоми ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ-2022 парафшон шуд.

6 / 16

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба варзишгоҳи Пекин, макони баргузории маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ

7 / 16

Ҳайати олимпии Чин зимни роҳпаймоӣ дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин

8 / 16

Тими Канада дар ҳоли роҳпаймоӣ дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар варзишгоҳи "Ошёни паранда"

9 / 16

Назар аз боло ба ҳайати Канада дар "Ошёни паранда"

10 / 16

Намояндагони тими Нидерландия дар роҳпаймоии иштирокдорони Бозиҳои олимпии Пекин - 2022

11 / 16

Ҳунармандон ҳангоми намоиш дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Пекин - 2022

12 / 16

Намое аз ҳайати намояндагони Қирғизистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ - 2022

13 / 16

Минбар барои тамошобинон дар варзишгоҳи "Ошёни паранда", ки макони ҳам маросими ифтитоҳ ва ҳам пӯшидшавии Бозиҳои олимпии зимистона XXIV хоҳад буд.

14 / 16

Намои умумии дохили варзишгоҳи Пекин ҳангоми таҷлили Соли Нави чинӣ дар зимни ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ - 2022

15 / 16

Лаҳзае аз ифтитоҳияи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин

16 / 16

Намои умумии маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона дар варзишгоҳи "Ошёни паранда"-и Пекин

Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳрест, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ кардаст.
Дар доираи ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарон аз қариб сад давлати дунё барои 109 медал мусобиқа мекунанд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Маросими ифтитоҳ ва ихтитоми Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар варзишгоҳи “Ошёни паранда" дар Пекин баргузор мешавад.