Беморхонаи сироятии Душанбе кӯчонида мешавад: Ба куҷо?

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, беморхонаи сироятии шаҳри Душанберо аз минтақаи аҳолинишин берун баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон иттилоъ дод, ки беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе кӯчонида мешавад.
Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, беморхонаи феълии сироятӣ дар Душанбе ҳанӯз соли 1931 сохта шуда, бо васеъшавии шаҳр ва афзоиши аҳолӣ дар иҳотаи биноҳои истиқоматӣ қарор гирифтааст.
Ӯ афзуд, беморхонаҳои сироятӣ бояд аз минтақаи аҳолинишин дар масофаи муайян ҷойгир бошанд. Таъкид шуд, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон беморхонаи калони сироятӣ дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе бунёд мегардад.
"Мо нақшаҳояшро кашида додем. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бояд онро бунёд кунад", - таъкид намуд раиси Кумитаи меъморӣ.
Вай илова намуд, ки беморхонаи мазкур барои то 1500 кат пешбинӣ шуда, бо ҷалби созмонҳои байналмилалӣ аз сӯи Вазорати тандурустӣ бунёд мегардад. Инчунин ҳукумати Душанбе низ тасмим гирифтааст, биноҳои иловагии беморхонаи сироятиро бунёд созад, ки дар минтақаҳои навворидшуда ба қаламрави пойтахт дар назар дошта шудаанд.
Сохтмони беморхонаҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ дар пайи пандемияи коронавирус бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуд.
Роҳбари давлат ҳанӯз дар моҳҳои аввали хуруҷи коронавирус дар мулоқоти худ бо намояндагони соҳаи тандурустӣ гуфта буд, дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорон ҳарчи зудтар ба бунёди муассисаҳои тиббӣ оғоз бахшида шавад.