ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳадафи рушди минбаъдаи иқтисоди сабзро дорад. Дар ин бора ба хабарнигорон Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, кишвар дар ин соҳа муваффақиятҳои калон ба даст овардааст.
Ҳамин тариқ Тоҷикистон дар истеҳсоли нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ИДМ ҷои аввалро ишғол мекунад. Ҳукумати мамлакат сохтмон ва аз нав сохтани истгоҳҳои барқи обиро давом медиҳад.
Дар нақшаҳои мақомот истеҳсоли мошинҳо ва автобусҳои барқӣ пешбинӣ шудааст.
"Иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосир аст, ки таваҷҷуҳ ба он меафзояд", - гуфт Завқизода.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон ба таҳияи тарҳи сармоягузорӣ дар ин замина шуруъ кардааст: коршиносон ва мутахассисони хориҷӣ дар ин замина кор мекунанд. Нақшаи ҷумҳуриро шарикони пешқадами тараққикарда низ дастгирӣ карданд.
Вазир афзуд, кишвар барои татбиқи барномаҳои иқтисоди сабз на танҳо дар соҳаи энергетика, балки дар соҳаи кишоварзӣ низ захираҳои ғанӣ дорад.
Дар кишвар ба ҷои нуриҳои кимиёӣ аз нуриҳои органикӣ истифода бурдан, гармхонаҳои офтобӣ сохтан, обёрии қатра ва бо усулҳои биологӣ муҳофизати растаниҳоро ҷорӣ кардан имконпазир аст.
Ёдовар мешавем, ки иқтисоди сабз дар охири асри 20 ташаккул ёфта буд.
Принсипи асосии он кам кардани таъсири манфии фаъолияти инсон ба муҳити зист мебошад.