ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон аз боздошти як донишҷӯдухтари тоҷик аз сӯйи мақомоти Қирғизистон хабар дод.
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи кишвар зимни нишасти хабарияш гуфт, ин духтар донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Норини Қирғизистон аст, мебошад.
Вазир дар бораи шахси донишҷӯдухтари боздоштшуда муфассал чизе нагуфт, аммо таъкид кард, ӯ тавассути кишвари сеюм вориди хоки Қирғизистон шудааст.
Ба таъкиди Имомзода, ҳарчанд даъватҳо мешаванд, ки донишҷӯён аз рафтан ба кишвари ҳамсоя худдорӣ кунанд, аммо чунин ҳолатҳо боз сурат мегиранду муҳассилин бармегарданд.
"Ҳоло вобаста ба ин ҳолат корбарӣ идома дорад",- афзуд вазир.
Ӯ гуфт, ҳарчанд ба тамоми донишҷӯёне, ки дар Қирғизистон таҳси мекарданд, итминон дода шуд, ки дар донишгоҳҳои ватанӣ бемамониат қабул карда мешаванд, аммо чунин ҳолатҳо боз сар мезананд, ки донишҷӯён талоши баргашт доранд.
"Мо ҳатто раҳбари кулли ДОМ дар Осиёи Марказиро даъват кардем ва хоҳиш намудем, ки шароитро барои шаҳрвандни мо дар ДОМ-и Хоруғ муҳайё ва рафтанашонро то ба эътидол омадани вазъ муваққатан манъ кунед", - афзуд вазир.
Вазир аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кард, ки ба Қирғизистон нараванд, зеро амнияташон кафолат дода намешавад.