ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар соли 2021 ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ва нерӯҳои амниятии ин кишвар 4,8 тонна маводи мухаддири навъи мухталиф мусодира кардаанд.
Дар ин бора дар нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода хабар дод.
Аз миқдори умумии маводи мусодирашуда 50% аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кашфу забт шудааст.
"Ҳамчунин беш аз 991 ҳазор ниҳоли бангдона кашф ва нобуд карда шуд, ки теъдоди умумии онҳо 1,6 тоннаро ташкил медод", - гуфт вазир.
Дар ин муддат 44 нафар, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд, боздошт шудаанд. Аз фаъолияти 10 гурӯҳ пешгирӣ шудааст.
Ҳамчунин 8 нафари дигар, ҳама шаҳрвандони хориҷӣ барои паҳн кардани маводи мухаддир боздошт шудаанд. Аз онҳо беш аз 700 кило маводи мухаддири ғайриқонунӣ мусодира гардидааст.
Дар ин муддат 47 манзил ва 27 автомашина, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд, ошкор гардида, 4 нуқтаи фурӯши маводи мухаддири гуногун баста шудааст.
Ба гуфтаи Раҳимзода, имрӯз маводи мухаддири синтетикӣ, ки миёни ҷавонон паҳн мешавад, хатар ва мушкили хоса дорад. Зиёда аз 16 хазор ҳабби ин навъ мавод ёфт ва нобуд карда шуд.
Дар робита ба ин 13 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аллакай 30 нафар барои содир кардани ҷиноят дар ин хусус маҳкум шудаанд.
Ба гуфтаи ВКД, дар баробари ин дар соли гузашта низ аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 650 силоҳи оташфишон мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2020 100 адад зиёд аст.