ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон 15 000 паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебарад. Дар ин бора ба рӯзноманигорон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди Тоҷикистон се ҳазор хонавода аз Афғонистон зиндагӣ мекунад.
"Мо бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамкорӣ мекунем ва ба гурезагон кумаки зарурӣ мерасонем", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Раҳбари Вазорати хориҷаи кишвар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, талошҳои худро барои ҳалли буҳрони башарӣ дар Афғонистон муттамаркиз кунанд.
Точикистон бошад, дар навбати худ барои ёрӣ расондан ба кишвари ҳамсоя чораҳои қатъӣ меандешад.
Ҳамин тариқ кишвар сохтори логистикии худро барои интиқоли борҳои башардӯстона, аз ҷумла 6 пулро дар сарҳад дар хидмат қарор додааст. Ба воситаи онҳо аллакай ба Афғонистон аввалин бастаи кумакҳо фиристода шудаанд.
Илова бар ин ба сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ ёрии тиббӣ расонида шуд.
Ба гуфтаи Сироҷиддини Муҳриддин, Тоҷикистон ба манотиқи шимоли Афғонистон ва Кобул интиқоли бевақфаи барқро идома медиҳад.
"Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки тавассути созмонҳои байналмилалӣ кумаки башардӯстона дар шакли маводи ғизоӣ ироа шавад", - таъкид кард Муҳриддин.
Дар ояндаи наздик Тоҷикистон борро ташкил карда, ба кишвари ҳамсоя мефиристад.
Ёдовар мешавем, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз тарафи толибон, рӯзи 15 август сели паноҳандагон аз Афғонистон берун шуд.
Аксари онҳо кӯшиш карданд, ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ баранд.