ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Гулнора Турсунбоева, яке аз моликони мағозаҳои ҷавоҳири “Ҷило” дар фурудгоҳи Душанбе ба иттиҳоми қочоқи беш аз 9 кило тило боздошт шудааст.
Тавре Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод, ҳамчунин бо гумони мусоидат ба қочоқи миқдори зикршудаи тило Ашраф Назирмадов, сардори идораи гумруки фурудгоҳи Душанбе низ боздошт шудааст.
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, Гулнора Турсунбоева беш аз 9 кило маводи ороишии тилоӣ ворид кардааст, аммо ҳамагӣ 4 килои онро расман ҳуҷатгузорӣ кардааст.
“Ҳамин тавр ӯ талош кардааст, аз пардохти гумрукӣ худдорӣ кунад”, гуфт сардори гумруки Тоҷикистон.
Раиси Хадамоти гумрук иқрор шуд, ки дар бораи ин қазия маълумоти бештаре надорад, зеро боздоштро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар, ки масъули ин парванда ҳастанд, анҷом додаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта се корманди гумрук бо иттиҳоми қочоқи 90 кило тило ва ҳудуди 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон боздошт шуда буданд.
Додгоҳ онҳоро аз 2 то 5,5 сол зиндонӣ карда буд.