ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Душанбе ба толибҳо паёми рӯшан дод, ки бояд ҳукумати ҳамашумул бо ҷалби тамоми гуруҳҳои сиёсию этникӣ ташкил диҳанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз толибҳо интизор доранд, ки амалан омодагияшонро барои муколама бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсию этникӣ ба фоидаи тамоми мардуми Афғонистон нишон медиҳанд. Бояд ба ҷомеи ҷаҳонӣ пойбандияшонро ба риояи ҳуқуқи инсон собит созанд, таъкид намуд ӯ.
Дар ҳоли ҳозир вазири тоҷик муҳим хонд, ки тамоми талошҳо барои ҳалли мушкили гуманитарии мардуми Афғонистон равона шаванд.
Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон тамоми инфрасохтори логистикияшро барои кумак ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла 6 пулашро пешниҳод мекунад. СММ аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон ба Афғонистон кумак кард, хабар дод Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон инчунин иттилоъ дод, ки ҳукумати кишвар қарор кардааст, ба мардуми Афғонистон аз тариқи созмонҳои байналмилалӣ маводи ғизоӣ интиқол диҳад ва феълан гурӯҳи корӣ ба амалисозии ин иқдом машғул мебошад.
Инчунин ҷониби Тоҷикистон ироаи кумаки тиббӣ ба сокинони навоҳии наздимарзӣ ва интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳои шимоли Афғонистону Кобулро идома медиҳад.
Дар мавриди вазъи марз Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки бо назардошти афзоиши таҳдидҳо Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон андешида истодааст. Аз ҷумла зикр шуд, ки бо дастури президент аз ҳисоби захираҳои эҳтиётӣ нерӯҳои иловагӣ барои ҳифзи сарҳад равона шуданду ҳамкорӣ бо шарикони дигар дар ин хусус идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо қудрат дар Афғонистонро нимаи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Тоҷикистон ташкили ҳукумати воқеии ҳамашумул ва риояи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷумлаи шартҳои асосии эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон медонад.