Фоҳиша кам шуду ҷиноят зиёд: гузориши ВКД

Дар Тоҷикистон теъдоди фоҳишаҳо кам, аммо ҷиноят зиёд шудааст, гузориш медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Зиёда аз 80 фоизи ҷиноятҳои содиршуда дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ кушода шуда бошад ҳам, дар баробари ин шумораи онҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар як соли ахир теъдоди ҷиноятҳо тақрибан то ҳазор маврид афзоиш ёфтааст. Дар ин бора вазири корҳои дохилии кишвар, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.
Дар баробари ин вазир дар бораи фоҳишахонаҳо дар шаҳри Душанберо гуфт, дар қиёс бо солҳои пешин "пайдо шудани нафарони номатлуб дар кӯчаҳои Душанбе ҳоло хеле кам шудааст".
"Ҳар соле то 20-30 ҷиноят мо дар ин самт ба қайд мегирем, шахсони алоҳида ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, махсусан дар шаҳри Душанбе", - гуфт вазир.
Дар маҷмуъ, дар соли 2021 дар кишвар беш аз 24,1 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд, дар ҳоле ки як соли пеш Вазорати корҳои дохилӣ 23,4 ҳазор ҷиноятро сабт кард.
Дуздӣ дар садри рӯйхати ҷиноятҳо қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 ҳазор мавриди сирқат ба қайд гирифта шуда, ҷиноятҳои иқтисодӣ дар ҷои дуюм – 3,3 ҳазор ва далелҳои қаллобӣ дар ҷои сеюм – 3,2 ҳазор маврид гуфта мешаванд.
Дар поёни рӯйхат қонуншиканиҳое зикр шуданд ба монанди:
қасдан расонидани зарар ба саломатӣ – 150;
ғоратгарӣ - 138;
суиқасд ба куштор, 103;
таҷовуз - 52;
харидуфурӯши одамон – 52;
ғоратгарӣ - 38.
Дар бораи сонеҳаҳо дар роҳ бошад, гуфта шуд, дар давоми соли гузашта бештар аз ҳазор ҳолат рӯй додааст. Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 395 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1,2 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.