Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъи COVID - 19 дар Тоҷикистон беҳбуд меёбад: омори тоза

Вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳафтаи гузашта беҳбуд ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 8 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд шудааст. Дар ин бора омори нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар як рӯзи охир дар кишвар фавт бар асари сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамчунин тайи 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 61 нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд.
Дар умум аз оғози ҳамагирӣ дар Тоҷикистон 17326 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст.
Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17157 нафар сокини ҷумҳурӣ шифо ёфтааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
Аз 20 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашуда буд, аммо бозгашти беморӣ 21 январи соли ҷорӣ боз сабт шуд.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.
Олимони Чин аз коронавируси нав хабар доданд: боз баҳси кӯршабпаракҳо
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.