Барканории 396 мақомдор дар Тоҷикистон: сабаб

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон дар пайи содир намудани ҷинояти вобаста ба фасод 396 мақомдор аз вазифаҳояшон маҳрум шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Саид Султонзода, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон 2088 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст.
Аз ин шумор 885 маврид аз онҳо ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин марбут буд, афзуд ӯ дар нишасти матбуотӣ.

"Зарари молӣ аз чунин амалҳо беш аз 353 миллион сомониро ташкил додааст, вале то ҳол 324 миллион (92%)-аш ба буҷет баргардонида шудааст", - гуфт Султонзода.

Аз ин миқдор 110 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 214 миллион сомонӣ ба муассисаву ташкилотҳо баргардонида шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони ин идора дар вазоратхонаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 1088 санҷиш гузаронида шуд.
Дар маҷмуъ, дар соли 2021 нисбат ба 1274 нафар парванда боз шуда, муфаттишон тафтиши 860 парвандаи ҷиноиро ба анҷом расонидаанд.
Аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ унвони вазорату идораҳо 2532 пешниҳод ва 1122 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 1164 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 396 нафар аз вазифаҳои ишғолкардаашон барканор гардиданд.
Ҳамчунин 1466 қонуншикании коррупсионии маъмурӣ ошкор шуда, ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Дар соли 2021 ҳудуди 324 миллион сомонӣ дар натиҷаи қонуншикании коррупсионӣ дуздидашуда ба буҷети ҷумҳурӣ баргардонида шуд.