Маълум шуд, барои сохтмони "Роғун" дар соли 2022 чӣ миқдор маблағ ихтисос меёбад

Дар Тоҷикистон гуфтанд, соли 2022 барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз буҷа чӣ миқдор маблағ ҷудо шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарии вазорат маблағгузории сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон - "Роғун" барои имсолро шарҳ дод.
Ба гуфтаи вазир, дар соли 2021 аз ҳисоби ҳама гуна маблағгузорӣ барои бунёди "Роғун" зиёда аз 3,4 миллаиард сомонӣ равона шуд.

"Соли 2022 барои сохтмони "Роғун" аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 2,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст", - гуфт Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ.

Дар қиёс бо соли 2021 маблағгузорӣ наздик ба 10 фоиз бештар аст. Ёдрас мешавем, ки соли 2021 аз буҷа барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” 2,1 миллиард сомонӣ ҷудо шуда буд. Соли 2020 бошад, ба ин иншоот 2,2 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Ба гуфтаи вазир, феълан назари коршиносони ҷаҳонӣ ба сохтмони Роғун тағйир ёфтааст. Чун ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тағйирёбии иқлим дар ташвиш аст ва тавлиди нерӯи барқ бидуни ифлоссозии иқлим боиси дастгирист.
Ҷамшед Каримзода, ноиби вазири молияи Тоҷикистон тавзеҳ дода буд, ки соли 2020 2,2 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷа ва як миллиарди боқимонда иловатан аз ҳисоби захираҳои молиявӣ ба “Роғун” равона гардид.
Ноиби вазир хотиррасон намуд, ки соли 2007, вақте Тоҷикистон мустақилона ба бунёди нерӯгоҳи "Роғун" оғоз кард, ҳамагӣ 6,5 миллион сомонӣ барои ин иншоот ҷудо шуда буд.