ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) пули таҳсил барои донишҷӯёни афғонро 50% коҳиш додааст. Дар ин бора ба хабарнигорон ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода иттилоъ дод.
"Бо назардошти вазъи кунунии Афғонистон тасмим гирифтем, ки харҷи таҳсили донишҷӯёни афғонро то 50% кам кунем",- гуфт Гулзода.
Ба гуфтаи вай, комилан озод кардани донишҷӯёни афғон аз пардохт имкон надорад ва тасмим гирифта шуд, ки арзиши таҳсил барои онҳо ду баробар кам карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ДДТТ 51 донишҷӯ аз Афғонистон таҳсил мекунад ва соли қаблӣ 11 нафар аз ин гуна донишҷӯён ин донишгоҳро хатм кардаанд.
Ин нахустин донишгоҳе нест, ки аз сабукиҳо ба донишомӯзони афғон гузориш медиҳад.
Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар нишасти хабарияш гуфт, барои донишҷӯён, магистрон ва докторни PhD-и афғонистонӣ то 10% стипендияро зиёд намуда, имконияти таҳсил ва кору фаъолият дар донишгоҳ фароҳам шудааст.
Мавсуф гуфт, раёсати ДМТ бинобар вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон маблағи шартномаи қисми зиёди донишҷӯёни ин кишварро 50% кам карда, бархе аз онҳо бо фармони Вазорати маориф пурра аз пардохти он озод шудаанд.
"Ҳамчунин донишҷӯёни ҳамсоякишвари мо Афғонистон бо ҷойи хоби ройгон таъмин гардиданд", - афзуд ректори ДМТ.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ду нафар шаҳрванди Афғонистон ба ҳайси омӯзгор дар ДМТ ба кор қабул гардидаанд.
Хушвахтзода гуфт, ДМТ дар самти таъмини масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии донишҷӯёни хориҷӣ, бахусус шаҳрвандони Афғонистон бетафовут нест.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар ДМТ 47 нафар донишҷӯёни афғон таҳсили илм менамояд, ва дар нимсолаи аввали соли равон ду шаҳрванди он кишвар ба ҳайси омӯзгор дар донишгоҳ ба кор қабул гардиданд.