Хадамот аз эҳтимоли “дасиса”-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфт

Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки ширкатҳои ҳавопаймоии он кишварро ба гумони “дасисасозӣ” бисанҷад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ин дархост дар пайи якбора боло бурда шудани нархи билетҳои ҳавопаймо аз сӯйи ширкатҳои ҳавонавардии Русия фиристода шудааст.
Абдумаҷид Муъминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотияш гуфт, баъд аз боло рафтани қимати билетҳо дар масирҳои Тоҷикистону Русия мақомоти зидахли тоҷик ба машварат нишаста, дар ҳузури ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки дар қатори дигар тадобир як мактуби расмӣ низ ба суроғаи мақомоти зидахли Русия ирсол намоянд.

“Мо бо Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия созишнома дорем. Мо ба он ҷониб як дархости расмӣ фиристодем, ки мавзуъро аз нигоҳи ҷой доштани “сговор” (тавтиа, дасиса) ё “маслиҳати пешакӣ” дар тасмими онҳо барои боло бурдани нархҳо ба баррасӣ бигиранд”, - гуфт Абдумаҷид Муъминзод.

Моҳи январи соли равон қимати билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия якбора ба беш аз 50 дарсад боло рафт.
Бино ба нархномаҳое, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ нашр кардаанд, ба гунаи мисол, нархи як билети парвози Душанбе то Маскав ба беш аз 5 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, дар ҳоле ки моҳи декабр 2,4 ҳазор сомонӣ (19-21 ҳазор рубли русӣ) қимат дошт.
Ҷаҳиши нархи билети ҳавопаймо: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, дастҳояш бастаанд
Нархи билет аз дигар шаҳрҳо – Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба самти Маскав низ ба таври ҳамсон гарон шудааст, дар ҳоле ки ба дигар шаҳрҳои Русия каме арзонтар аст.
Масалан, билети Душанбе - Самара ва Нижний Новгород то 3,5 ҳазор сомонӣ (23 ҳазор рубли русӣ) нарх дорад.
Дар бозори ҳавонавардии Тоҷикистон 5 ширкат фаъоланд, ки чортои онҳо - “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер”-и русӣ ва яке “Сомон эйр”-и тоҷикӣ мебошанд.