ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар асоси созишномаи ҳукуматӣ аз ҷониби худи ширкатҳо муайян карда мешавад.
Ба иттилои масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар бозори мусофиркашонии ҳавоӣ дар Тоҷикистон монополист нест. Таъкид шуд, ки дар ин бозор танҳо як ширкати миллӣ - "Somon Air" фаъолият дорад, ки ҳиссааш ба 14,7% баробар мебошад.
"Дигар ҳамааш ширкатҳои хориҷиянд. Қарори ҳукумат аст, ки нархи чиптаҳоро худи ширкатҳо муайян мекунанд", - изҳор доштанд масъулини Хадамоти зидддиинҳисорӣ.
Роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дод, ки онҳо аз тариқи як мактуб хароҷоти ширкатҳоро ҳисобу пешниҳод карданд ва боқӣ бояд Агентии авиатсияи гражданӣ кор барад, ки чаро нарх якбора боло рафт.
Ин дар ҳолест, ки мусофирон мегӯянд, нархи билети ҳавопаймо ба Русия дар бозори Тоҷикистон то 7 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар муқоиса бо нишондодҳои қаблӣ ду баробар зиёд мебошад.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон боло рафтани нархҳоро беасос хонда, талаб карда буд, ки он поин бурда шавад. Бар асоси ҳисобҳои агентӣ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Русия аз ҳар ду тараф набояд аз 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад.