ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар Ӯзбекистон як зан фарзанди ноболиғашро дар боғи ҳайвонот хост туъмаи хирс кунад. Ӯ кӯдаки се солаашро дар пеши чашми меҳмонони ин боғ ба қафаси хирс партофт.
Видеои сарозер шудани кӯдак зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва даҳҳо корбаронро дар ҳайрат гузошт.
Гуфта мешавад, новобаста аз кӯшиши меҳмонон ва посбонони боғи ҳайвонот барои боздоштани модар кӯдак аз баландии қариб 5 метр ба замин афтидааст.
Хирс ба кӯдак осебе нарасондааст, аммо духтарчаро дар ҳолати шок ба бемористон бурданд ва маълум шуд, ки мағзи сараш сахт осеб дидааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, феълан алайҳи модари 31-сола бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин зан ба ҳайси омӯзгор дар яке аз донишгоҳҳои Ӯзбекистон кор мекунад ва соҳиби ду фарзанд аст.
Ин зан ҳамроҳи ду фарзанди худ дар хонаи параш, дар ноҳияи Сергели шаҳри Тошканд ба сар мебурд.
Тавре маълум шуд, шавҳари ӯ дар муҳоҷират қарор дорад ва ин оила дар ҳоли пошхӯрӣ будааст. Шояд ин зан ба далели афсурдагӣ ба чунин кори даҳшатбор даст зада бошад.
Ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.