Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди дақиқи гирифторони коронавирусро эълон кард

Вазъи бемории COVID-19 дар кишвар нисбат ба ҳафтаи гузашта беҳтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Тайи шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус қайд шудааст. Дар ин бора омори нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар як рӯзи охир дар кишвар фавт бар асари сироятёбӣ ба ин вирус ва инчунин онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17308 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17096 нафар сокини ҷумҳурӣ шифо ёфтааст.
Аз 20 ноябри соли 2020 дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашуда буд, аммо бозгашти беморӣ 21 январи соли ҷорӣ боз сабт шуд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис
Қобили зикр аст, ки теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар нисбат ба ҳафтаи гузашта коҳиш ёфтааст.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ба гуфтаи коршиносон, навъи нави беморӣ бештар гузаранда аст, аммо ин беморӣ нисбат ба мутатсияҳои қаблӣ сабуктар аст.
Омикрон тақрибан дар тамоми Осиёи Марказӣ паҳн шудааст, ҳолатҳои сироятёбӣ дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба қайд гирифта шудаанд.
Олимони Чин аз коронавируси нав хабар доданд: боз баҳси кӯршабпаракҳо
Қаблан сардори Раёсати бехатарии санитарии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфта буд, ки коронавирус ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Номбурда гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.