ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар яке аз навоҳии ҷанубии шаҳри Маскав занозании ҷамъии муҳоҷирон ба вуқуъ пайваст, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба як манбаи ҳифзи ҳуқуқ.
Як гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки эҳтимол зодагони Тоҷикистон мебошанд, ба идораи пулис бурда шудаанд. Ҷамъан 66 нафар барои халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт гаштаанд.
"Шаби гузашта дар гузаргоҳи Востряковский задухӯрди ҷамъӣ ба вуқуъ пайваст, ки эҳтимолан аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз силоҳи травматикӣ сурат гирифтааст. Дар муноқиша ҳудуди 15 нафар ширкат кардаанд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ аз аввали соли 2021 муҳоҷирон 33,7 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.
Вазорати умури дохилии Русия мегӯяд, ҳолатҳои қонуншиканӣ дар муқоиса бо соли 2022 ҳудуди 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҷорӣ шудани кортҳои пластикӣ барои муҳоҷирон дар Русия имкон медиҳад, ҷиноятҳо зудтар тафтиш карда шаванд.
Ҳуҷҷати ягона барои хориҷиён чипи дорои маълумоти шахсӣ хоҳад буд, онҳо хусусиятҳои биометрӣ, инчунин маълумот дар бораи мақоми шаҳрванди хориҷӣ, раводиди додашуда ва муҳлати амали онро дар бар мегиранд.