ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пас аз интиқоди густурдаи сокинон ва ахиран шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз суръати пасти интернет барои ислоҳи вазъ гурӯҳи вижаи корие таъсис додааст.
Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, гурӯҳи корӣ бо дастури Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқа сурат гирифта, он иборат аз кормандони ин ниҳод ва ширкатҳои мобилӣ мебошад.
Чаро суръати интернет дар Тоҷикистон заиф аст?
Ин ниҳод дар шарҳи суръати поини интернет гуфт, он ба бунёди биноҳои баландошёна, камбуди нерӯи барқ ва генераторхои дизелӣ дар кишвар рабт дорад.
Ин масъули хадамот худ низ иқрор шуд, ки воқеан сифати интернет паст шудааст ва шикояти сокинон низ аз тамоми манотиқ дар ин хусус бештар ворид гаштааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе минтақаҳои кишвар соҳаи сохтмон хеле рушд мекунад ва биноҳои бисерошёна бунёд шудаанд, ки баъзан ба баъзе қисмҳои соҳа халал ворид мекунанд.
"Муҳим ин ки мо асли қазияро медонем ва ҳоло супориш додем, ки дар ҳамаи ин биноҳои баландошёна истгоҳҳои иловагии базавии ширкатҳои мобилӣ бо стандартҳои мувофиқи 4G ва ғайра насб карда шаванд. Аввал ин кор дар Душанбе, ноҳияҳои тобеи пойтахт, ва баъд дар дигар минтақаҳо амалӣ мешавад", - гуфт Илҳомҷон Атоев
Ба гуфтаи мавсуф, гурӯҳи корӣ ду моҳ вақт дорад, то ин камбудиро бартараф кунад.
Ин намояндаи хадамот афзуд, дар Тоҷикистон суръати интернет дар се сол афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар соли 2019 суръати интернет дар кишвар аз 20 гигабит дар як сония зиёд набуд, ҳоло ба 70 гигабит расид ва ба қарибӣ дар назар аст, ки ба 100 гигабит бирасад.
Сифати пасти интернетро дар шаҳрдорӣ них ҳис кардаанд
Ба назар чунин менамояд, ки ба ин масъала низ то Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дахл накард, мавзуъ ҷиддӣ гирифта нашуд.
Ӯ зимни ҷаласаи ҳисоботӣ аз фаъолияти панҷсолааш дар баробари дигар мушкилоти пойтахт ба сифати хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ дахл ва аз он интиқод кард.
Номбурда зимни баррасии фаъолияти ширкатҳои мобилӣ гуфтааст, хидматрасонӣ дар ин бахш ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
"Хидматрасонии ин ширкатҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва рӯнамоиашон аз сатҳу сифати фаъолияташон бештар мебошад", - гуфтааст Рустами Эмомалӣ.
Шаҳрдори Душанбе барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар кӯтоҳтарин муддат ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Интернети Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонӣ
Дар радабандии нави сураъати интернети мобилӣ Тоҷикистон ҷои 135-умро дар байни 138 кишвари дунё касб кард.
Бар пояи радабандии "Speedtest Global Index", суръати интернет дар Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба соли 2020 боз ҳам заифтар шудааст.
Дар ин радабандӣ Тоҷикистон миёни 138 кишвари ҷаҳон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps) ҷойи 135-умро гирифтааст, ки чор зина нисбат ба нишондиҳандаи қаблияш поин мебошад.
Ҳамзамон аз рӯи суръати интернети собит (симӣ) дар зинаи 120-ум қарор гирифтааст. Суръати миёнаи зеркашии интернети собит дар ҷумҳурӣ 16,63 Мб/с ва боргузорӣ 14,75 Мб/с нишон дода шудааст.
Бар асоси оморҳои расмӣ, ҳоло истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон бошад, дар соли 2021 ба 3,1 млрд сомонӣ баробар шудааст.