Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Омори тозаи мақомоти Тоҷикистон дар бораи гирифторони коронавирус

Мақомоти Тоҷикистон шумораи мубталоёни коронавирус дар ҷумҳурӣ дар давоми шабонарӯзи ахирро расонаӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз 14 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба шабонарӯзи гузашта (18 ҳолат) камтар мебошад.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ҳамзамон тайи 24 соати гузашта 18 нафар аз гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмуъ аз аввали пандемия то кунун дар кишвар 17 297 нафар гирифтори COVID-19 шуда ва аз ин шумора то рӯзи зикргардида 17096 нафар (98,8%) шифо ёфтаанд.
Ҳамчунин табибон дар даврони ҳамагирӣ ҷони 124 бемори COVID-19-ро наҷот дода натавонистанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис
Ёдовар мешавем, пас аз наздик ба се моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.
Сомон дар Португалия гирифтори коронавирус шуд
Тибқи тавсияҳои Ситоди фаврии мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии аҳолӣ низ тасреъ шудааст. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.