ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Кишоварзон аз нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистон дар ҷашнгоҳи асосӣ маҳсули кори худ, тухмӣ ва ниҳолҳои гуногунро ба намоиш гузоштанд.
Сулаймон Зиёзода, ноиби навтаъйини сарвазири Тоҷикистон якҷоя бо вазирону ёварони раисҷумҳур ва дипломатҳои хориҷӣ бо олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулоти ифодагари Ҷашни Сада шинос шуданд.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", Зиёзода дар маросими ҷашнӣ изҳор дошт, ки Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад.
"Дар замони гузашта ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ ва талу теппаҳо бо иштироки тамоми мардум гузаронида мешуд, ки аз якдилию муттаҳидии аҷдодони мо дарак медиҳад", - таъкид намуд ноиби сарвазир.
Вай афзуд, Ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад.
Зикр шудааст, ки дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо гулхани бузурге афрӯхта, аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба мардуми кишвар гуфт, ба қавли Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст.
Таъкид шудааст, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон, Ҷашни Сада чун рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.