ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа, рӯзона 2-3 дараҷа хунук мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро камабри бебориш пешгӯӣ карда, фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои асосан бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона — аз 2 то 3, дар баъзе ноҳияҳо то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои ағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.