Додситони Маскав хостори сабти генетикии муҳоҷирон шуд

Сабти геномии муҳоҷирон барои танзими ин соҳа мусоидат мекунад, муътақид аст додситони Маскав
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Денис Попов, додситони шаҳри Маскав зарур медонад, ки сабти генетикии муҳоҷирон дар Русия роҳандозӣ гардад.
Попов дар суҳбат бо "Российская газета" изҳор доштааст, ки бисёре аз муҳоҷирони ихроҷшуда дар ватанашон шиносномаро иваз мекунанду бармегарданд.

"Ба таври куллӣ вазъро дар ин соҳа сабти геномӣ тағйир медиҳад. Ин ҳамчунин имкон медиҳад, ки ҷиноятҳои солҳои пешин ошкор карда шаванд", - таъкид намудааст додситон.

Вай хабар дод, ки соли гузашта дар Маскав 800 чунин ҳолат ошкор шуд ва ӯ аз як муҳоҷире мисол овард, ки се бор дар Русия маҳкум шудаасту ҳар бор ҷазои ҳадди ақал мегирифт, чун ретсидивист маҳсуб намешуд.
Ба гуфтаи Попов, айни ҳол на ҳамаи муҳоҷироне, ки қонуншиканӣ мекунанд, аз Русия хориҷ мешаванд. Ӯ афзуд, аз рӯи маводи таҳиякардаи пулиси пойтахт ҳузури 24 хориҷӣ номақбул дониста шудааст. Дар зимн додситонӣ якҷоя бо масъулини раёсати Хадамоти амнияти федералӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав рӯйхати 600 нафарро барои депорт бар Сарраёсати пулис пешниҳод кардааст. Ҳамаи онҳо қонуншиканӣ намудаанд, гуфт додситон.
Медведев гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон метавонанд дар Русия муваффақ шаванд
Бар асоси иттилои ӯ, ҳамчунин соли гузашта дар Маскав 95 ҷинояти марбути ташкили ғайриқонунии муҳоҷират сабт гардидааст. Дар 1 ҳазору 654 ҳолат хориҷиён ба таври тақаллубӣ ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шудаанд. Сабти муҳоҷиратии беш аз 3,5 ҳазор нафар ба далели қоидавайронкунӣ бекор карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар барои таъмини рӯзгори худу хонаводаҳояшон роҳии Русия мешаванд. Теъдоди умумии тоҷикистониён дар Русия беш аз як миллион нафар арзёбӣ мешавад.