Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Суҳбати рӯ ба рӯи Тошиев ва Ятимов: тафсилоти музокироти дуюм

Мулоқоти дуюми намояндагони расмии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Рӯзи 29 январ мулоқоти раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвари Қирғизистон - Қамчибек Тошиев ва Тоҷикистон - Саймумин Ятимов баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ҷонибҳо пас аз вохӯрӣ, ки қариб се соат идома кард, изҳорот доданд.
Аввалин шуда сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба сухан баромад. Мухтасар аз суханронии Ятимов:
куштаю захмиён ҳастанд, ин натиҷаи он аст, ки мушкили сарҳади давлатӣ ҳал нашудааст;
масъалаҳоро дар асоси санадҳои ҳуқуқӣ ҳал кардан лозим аст ва онҳо бояд дар асоси ризоият ва ифодаи иродаи тарафайн қабул карда шаванд;
саркашӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда боиси низоъ мегардад;
Ман "бо Ташиев хеле муфассал суҳбат кардам, ҳамаи масъалаҳоро муҳокима кардем". Мувофиқат кардем, ки дар рафти гуфтушунид "хуҷҷатҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори комиссияҳо" -ро дар назар доштан лозим аст;
Ба гуфтаи Ятимов, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талаботи протоколҳо бояд риоя шавад. Аз ҷумла сухан дар бораи протоколи рақами 39 меравад. Пас аз ҳашт рӯз ҷонибҳо ба иҷрои ин протокол шурӯъ карда, аз рӯи бандҳои имзошудаи ин санад кор хоҳанд кард;
Пас аз ҳашт рӯз комиссияхои паритетӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ кор мекунанд. Ин кор барои ҳалли ҳама масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад пайваста анҷом дода мешавад;
Дар рӯзҳои наздик маҷлиси машваратӣ барпо мегардад, ки дар он кори комиссия муҳокима карда мешавад (кадомаш маълум нест);
"Ҳама масъалаҳо бояд дар заминаи дуҷониба, дар заминаи ҳуқуқӣ ва ба манфиати ду кишвар ҳал шаванд";
Даст фишурда, қавл додем, ки тамоми созишҳои байни раисони комиссияҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро иҷро кунем.

Тошиев чӣ гуфт?

вохӯрӣ наздики се соат давом кард;
тасмим гирифта шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марз аз сар гирифта шавад. Кори ин маҷлис ду моҳ пеш боздошта шуда буд;
комиссия дар асоси протоколҳо, қонунҳо ва манфиатҳои ҳар ду давлат доимӣ кор мекунад;
имрӯз ягон санад имзо нашуд, аммо Тошиев бовар дорад, ки "сухану дастфишурии мо амалӣ мешавад".
Бояд гуфт, ин дуюмин музокироти расмӣ барои ҳалли муноқишаи марзӣ дар ду рӯзи охир мебошад.
Переговоры по границе Таджикистана и Кыргызстана
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шаб чӣ гузашт: вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна аст
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқуъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вакт техникам ҳарбй ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин вазорат, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.
Музокираи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ идома меёбад
СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳарду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпарониро ҳарчи зудтар қатъ карда, низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар аз низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии ВУХ Русия аз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон аз 11 маҷруҳ гуфт. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад.
Пас аз муноқиша мақомоти ду кишвар ду мулоқот баргузор карданд. Нахуст тарафҳо барои оташбас ва аз сарҳад баровардани техникаи низомӣ тафовуқ карданд.
Оромӣ дар марз: гуфтугӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфтанд, аммо чӣ натиҷа доданд?
Иштироккунандагони маҷлиси дуюм аз нияти таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеа хабар доданд. Ба он хидматчиёни ҳарбӣ ва додситонӣ вориданд.
Ҳамчунин дар қаламрави миёни Тоҷикистону Қирғизистон танҳо нерӯҳои марзбонӣ ва пулис боқӣ монда, шаҳрвандони қаблан интиқолдодашуда ба хонаҳояшон барбардонида мешаванд, хатҳои осебдидаи барқ ​​барқарор ва роҳҳои басташуда боз хоҳанд шуд.