Созмонҳои ҳуқуқи башар ба мақомоти Тоҷикистон: Интернетро дар Бадахшон барқарор кунед

Теъдоде аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки интернетро дар вилояти Бадахшонро барқарор намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ин биёнияро намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои ҳуқуқи башари Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Беларус, Булғористон, Белгия, Украин, Гурҷистон, Русия, Лаҳистон, Молдова, Мақдунияи Шимолӣ, Шветсия, Қирғизистон, Қазоқистон, Норвегия, Ҳолланд ва Литва ба имзо расонидаанд, иттилоъ додааст сомонаи "Топ" ТҶ.
Дар ин баёния аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста шуда, ки ҳарчи зудтар барои дубора барқарор намудани иртиботи интерентӣ дар вилояти Бадахшон иқдом кунад.
Ба гуфтаи ин созмонҳои ҳуқуқи башар, набудани интернет мушкилии ҷиддие ба бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, бонкӣ ва молӣ, хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ва омӯзишӣ ворид месозад.
Ҳамоно аз ақибмондаҳо: Тоҷикистон дар радабандии суръату нархи интернет
Ёдовар мешавем, алоқаи интерентӣ дар ин минтақа пас аз таҷаммуи эътирозии рӯзҳои 25-28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, ки муҷиби куштаву захмӣ шудани теъдоде аз муътаризон шуд, қатъ шуд ва то ҳол барқарор нашудааст.