Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни Сада табрик гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикаш мардуми кишварро ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардум– Ҷашни Сада табрик кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикаш таъкид кардааст, ки Ҷашни Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид.
Вай дар ин паёмаш, ки дар сомонаи раисҷмуҳур нашр шудааст, гуфтааст, мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон, Ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст.
“Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай аффзуд, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.
“Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ин ҷашнро шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани тарзи оташафрӯзӣ таъсис додааст”, -гуфт ӯ.
Ба ин хотир дар тӯли асрҳои зиёд ниёгони мо гулхани оташро рамзи гиромидошти ин ҷашн мешумориданд.
Ҳамчунин бояд гуфт, Ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зери назорати Раҳмон. Мақомот ба ҳалли муноқишаи марзӣ вазифадор гардидаанд
Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон Ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмуъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамояд.
Роҳбари Тоҷикистон ба кишоварзон машварат дод, ҳоло зарур аст, ки тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳоро омода намуда, корҳои яхобмонӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва дарахтон, яъне тайёрии ҳаматарафа ба киштукори баҳориро ба анҷом расонанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд.

“Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии Ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем”, - қайд кард Раҳмон.

Вай ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки кишоварзони кишвар омодагиро ба мавсими баҳор суръат бахшида, соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта маҳсулоти бештар ба даст оварда, барои беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи арзанда мегузоранд.
“Таъкид месозам, ки ин кор, хусусан, дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир ниҳоят зарур ва муҳим мебошад”, - гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар панҷ соли оянда рушди соҳаи агросаноатӣ ва саноати хӯрокворӣ, махсусан, бунёди корхонаҳои саноатӣ барои коркарди меваю сабзавот ва содироти он ҳамчун бахши муҳимми саноати мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар охири паёмаш Раҳмон иброз дошт, ки мардуми тоҷик ин ойинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш мебахшанд.