Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Зери назорати Раҳмон. Мақомот ба ҳалли муноқишаи марзӣ вазифадор гардидаанд

Президенти Тоҷикистон барои ҳалли муноқишаи марзӣ мақомоти дахлдорро вазифадор кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ сафар намуда, аз наздик бо вазъ шинос шудааст ва дар суҳбат бо сокинон гуфтааст, ки вазъ дар марз зери назорати президент аст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, зимни суҳбат бо аҳолии Чоркӯҳ раиси вилоят гуфтааст, ки хонаҳои зарардида дар муҳлати кӯтоҳ барқарор карда мешавад.

"Ба сокинон аз натиҷаи гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон низ маълумот дода шуда, илова гардид, ки минбаъд пеши роҳи муноқишаҳои марзӣ сари вақт гирифта мешавад", - омадааст дар хабар.

Аҳмадзода аз мардум даъват кардааст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.
Таъкид гардида, ки Эмомалӣ Раҳмон раванди ҳалли масъалаҳои марзиро зери назорат худ гирифта, барои ҳалли саривақтии он мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст.
Дар натиҷаи муноқишаи марзӣ, ки санаи 27-уми январ ба амал омад, манзили зисти сокинони деҳа зарар дидааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии ВУХ Русия аз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар кӯчаи Ориёнои ҷамоати деҳоти Сурх 11 хона бар асари даргирии марзӣ хароб шудаанд.
Мақомот мегӯянд, феълан ҳисоби хисороти даргирӣ идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар - аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Раиси Суғд ба аёдати сарбозону сокинони маҷруҳи Исфара рафт
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Пас аз муноқиша мақомоти ду кишвар ду мулоқот баргузор карданд. Нахуст тарафҳо барои оташбас ва аз сарҳад баровардани техникаи низомӣ тафовуқ карданд.
Оромӣ дар марз: гуфтугӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфтанд, аммо чӣ натиҷа доданд?
Иштироккунандагони маҷлиси дуюм аз нияти таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеа хабар доданд. Он хидматчиёни ҳарбӣ ва додситониро шомил мешавад.
Ҳамчунин дар қаламрави миёни Тоҷикистону Қирғизистон танҳо нерӯҳои марзбонӣ ва пулис боқӣ монда, шаҳрвандони қаблан интиқолдодашуда ба хонаҳояшон барбардонида мешавад, хатҳои осебдидаи барқ ​​барқарор таъмир ва роҳҳои басташуда боз хоҳанд шуд.
Даври дуюми гуфтушунид рӯзи 29 январ дар назар аст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.