Барф, борон ва меғ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

Ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят бошиддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии кишвар.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 2-3 дараҷа сард мешавад.
Меғ мефарояду яхбандӣ мешавад: тавсияҳои КҲФ барои эмин мондан аз хатарҳо
Дар вилояти Хатлон абрнок шуда дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориш бошиддат мешавад. Ҳамчунин фаромадани меғ низ пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борону барф мешаваду меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 3-8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона – 2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борон мебораду меҳ мефарояд.
Ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.