ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Табибони шифохонаи марказии шаҳри Исфара ин хабарро таъйид ва вазъи саломатии Маликиро муътадил арзёбӣ намуданд.
“Тир пояшонро захмӣ кардааст. Шаб амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузарониданд, ҳоло саломатиашон муътадил аст”, - гуфт пизишке дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Искандар Маликӣ, ба ҳисоби Некзод Хоҷаев, дувумин корманди ҳукумати шаҳри Исфара гуфта мешавад, ки дар муноқишаи марзӣ аз зарби тир ҷароҳат бардоштааст. Хоҷаев ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳри Исфара аст.
Ин ду нафар ҳамроҳ бо дигар кормандони ҳукумат, бегоҳи рӯзи 27-уми январ ба деҳаи Сомониён, маҳалли рухдоди муноқиша рафта буданд.
Муноқишаи марзӣ бегоҳии дирӯз аз сангзании қирғизҳо шуруъ шуда, ба тирпарронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман теъдоди захмиёну фавтидагон марзиро нашр кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Ин манбаъ, инчунин аз ду шаҳрванди кишвар - Обидҷон Тӯйчиеви 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло ва Абдулатиф Шарипови 58 -сола, ронандаи мошини шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии Шифохонаи Исфара ном бурдааст, ки аз хумпораи сарҳадбонони Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд.
Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ва зарари расида аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.