Муроҷиати Тоқаев ба олигархҳое, ки "шитоб ба тақсими пулашон" намекунанд

Президенти Қазоқистон аз бепарвоии бархе аз сарватмандон нисбати дархосташ изҳори нигаронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба он соҳибкороне, ки ба фонди хайрияи "Қазоқистон халқина" (Барои мардуми Қазоқистон) маблағи калон интиқол додаанд, изҳори сипос кард.
"Шумо дар назди он шаҳрвандони кишвари мо, ки ба кумаки хайрия ниёз доранд, масъулияти шаҳрвандӣ зоҳир мекунед", - гуфт ӯ.
Аммо олигархҳое низ ҳастанд, ки пешниҳоди президентро нодида мегиранд, менависад Sputnik Қазоқистон аз қавли ин кишвардор.
"Баъзе афроди саршиноси тиҷорат, ки ҷузъи олигополия ва ҳатто таҷассумгари он ҳастанд, барои ширкат дар хайре, ки бо ибтикори сарвари давлат баргузор мешавад, шитоб намекунанд. Оё ин сахтӣ, нигилизм, ё беэътиноӣ аст? Дар ҳар сурат давлат ҳамаи ваколатҳоро дорад, то ба ин суол посух бигирад", - гуфт Тоқаев.
Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ кам
Раисҷумҳур нашри як фармони махсусро, ки раванди хайрияро аз ҷониби тоҷирони бузург танзим мекунад, эълон кард.
Тоқаев: Бо кумаки Назарбоев табақаи бойҳо пайдо шуд, аммо акнун пулро тақсим кунед
Ёдрас менамоем, пас аз нооромиҳо дар Қазоқистон раисҷумҳури ин кишвар барои кумак ба табақаҳои ниёзманд бунёди хайрия таъсис дод ва аз сарватмандон хост, ки пулашонро қисмат кунанд.