ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст.
Тибқи изҳороти КДАМ, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00, 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хатти сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордоштаашон баргардонида шаванд.
Ин мувофиқат рӯзи 28 январи соли 2022 дар пайи гуфтугӯи дусоатаи раҳбарони вилоятҳои Суғду Ботканд, соати 01.00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, дар вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон ҳосил шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафари дигарашон сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин ду нафари дигар фавтидаанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронӣ табдил ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардаанд.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи ин муноқиша изҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳар ду ҷониб суҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчи зудтар тирпаррониро қатъ карда, низоъро тавассути музокира ҳал кунанд.