Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сиёсатшинос: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд бетаъхир ҳал шавад

Вақти он расидааст, ки президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири ҳарчи зудтар бо роҳи осоишта ҳалли масъалаи марз дахолат кунанд, чунин мешуморад Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси ҲСДТ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз захираҳои дипломатӣ ва сиёсӣ бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду ҷониб истифода бурдан лозим аст, мегӯяд муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов.
"Мардум хаста шудаанд - масъаларо бояд ҳарчи зудтар ҳал кард. Мо ба ҷои он ки бо дигар масъалаҳои доғи рӯз сарукор дошта бошем, дар муноқиша ҳастем", - гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ҳакимов рад накард, ки дар авҷ гирифтани низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шояд гурӯҳҳо ё мансабдорони алоҳида гунаҳкор бошанд.
Изҳороти расмии КДАМ: Қирғизистон ба сарҳади Тоҷикистон техникаи вазнини ҳарбӣ меорад
"(Ин кор сурат мегирад – ред.) ба хотири дур кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ва раҳбарияти кишварҳо аз ҳалли масъалаҳои воқеан муҳим. Ин бахусус дар пасманзари тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратии Қирғизистон ва қисман дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад", - шарҳ дод сиёсатшинос.
Ба гуфтаи муовини раиси ҲСДТ, вақти он расидааст, ки ба хотири ҳарчи зудтар ҳаллу фасли осоиштаи ин масъала президентҳои ҷумҳурӣ дахолат кунанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъи навбатӣ сар зад.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ: Қирғизистон ба сӯи сокинони осоиштаи Тоҷикистон тир холӣ мекунад
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марз ҳудуди 20 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст.