Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ, 58-сола: боз як қурбонии муноқишаи марзӣ дар Исфара: акс

Зимнан ин дувумин ҳодисаи қурбонӣ дар натиҷаи тирпарронии шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Абдулатиф Шарипов, ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ шаби гузашта дар пайи тирандозии қирғизҳо дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара кушта шудааст.
Ин иттилоъро Зубайдулло Шомадов, сухангуи ҳукумати шаҳри Исфара, ки шаби гузашта дар деҳаи Сомониён, маҳалли даргирии марзӣ қарор дошт, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Машина скорой помощи после перестрелки на таджикско-кыргызской границе
“Ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ захмиёнро ба шифохона интиқол медод, вале худаш аз зарби тири қирғизҳо ба шаҳодат расид”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ронандаи ҳалокшудаи мошини ёрии таъҷилӣ 58 сол дошт. Аз аксҳое, ки манобеъ дар ихтиёри мо гузоштанд, дида мешавад, ки Шарипов дар дохили мошини кориаш мавриди тирборон қарор гирифтааст.
Зимнан ин дуюмин қурбонӣ дар Исфара дар пайи муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо гуфта мешавад.
Машина скорой помощи после перестрелки на таджикско-кыргызской границе
Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло низ шаби гузашта аз зарби тир дар манзили зисташ ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, шаби гузашта 13 нафар захмии муноқишаи марзиро ба шифохонаи марказии Исфара интиқол додаанд.
Ин шумор 8 низомӣ ва 3 нафар сокини мулкиро низ шомил аст, ки гуфта мешавад, аз зарби санг ва тир захмин шудаанд. Табибони ин шифохона вазъи саломатии аксари онҳоро сабук ва муътадил мегӯянд.
Машина скорой помощи после перестрелки на таджикско-кыргызской границе
Мақомоти Қирғизистон ҳам дар бораи кушта ва захминшудаҳои ҳодисаи ахир дар марз бо Тоҷикистон хабар нашр намудаанд.
Бино ба иттилои манобеъ, аз шаҳри Исфара аз соати 23 шаби 27 январ ба ин тараф садои тир аз ҳар ду ҷониб хомӯш шудааст.
Ҳоло ба ҳисоби мақомоти амниятиву низомии ду кишвар раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд ба ҷойи ҳодиса рафта, дар бораи оташбас музокира намудаанд. Талофоти ҳодисаи дишаба давоми рӯз пайгирӣ карда мешавад.