ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Аз 30 январ то 1-уми феврал дар баъзе ноҳияҳои кишвар, бахусус дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳолати яхбандӣ ҳифз шуда, меҳ мефарояд, хабар медиҳад КҲФ.
Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои эмин мондан дар давраи яхбандӣ ва фаромадани туман тавсияҳои зеринро нашр кардааст:
Одамони солхӯрда, кӯдакону наврасон бояд дар чунин ҳаво худро эҳтиёт кунанду аз сайругашт худдорӣ намоян. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма, бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои лозимаро барои эҳтиёт бо худ дошта бошанд. Дар ҳоли бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд;
Бояд ба миқдори зиёд об нӯшид. На камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва аз ин миқдор ақалан 0,5 литри он оби минералӣ бошад.
Дар тӯли рӯз ҳарчи бештар бояд бо оби сарду форам оббозӣ кард (5-20 дақиқа зери оби душ будан манфиат дорад). Ин амал боиси рафъи хастагиву беҳолӣ мешавад.
То имкон доред аз ҳавополоҳое истифода кунед, ки полоишгари муосир доранд.
Аз 2 то 3 истакон нӯшидани чойи кабуд дар як рӯз муфид аст.
То ҳадди имкон тирезаҳоро баста нигоҳ доред. Агар шумо ба ҳар ҳол ба қароре омадед, ки ҳавои хонаро тоза кунед, пас бояд ҳатман бидонед, ки бадтарин вақти тоза кардани ҳавои хона ин субҳи бармаҳал аст, вақтест, ки ҳама омехтаҳои хатарнок ба қабати рӯизамини мутамарказ мешавад. То нисфирӯзӣ дамо гарм мешавад ва ин омехтаҳо зери таъсири ҷараёнҳои болораванда боло меравад. Метавонед ба тирезаҳои бози хона дока ё тӯр кашед.
Талош кунед кори ҷисмонии барзиёд анҷом надиҳед. Ҳар кори иловаи ҷисмонӣ нафаскашии шуморо душвор мекунад ва ин ба саломатии шумо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин гуна рӯзҳо духтурон тавсия намедиҳанд, ки шумо аз ҳар гуна линзҳои тамос истифода кунед. Илова бар ин агар чашмонатон бар асари ин чангхок осеб бинанд ва душворӣ пеш оранд, шумо метавонед онҳоро бо доруҳо, аз ҷумла ашкҳои сунъӣ ё табиӣ бишӯед.
Тавсияҳо барои пиёдагардон
Барои эмин мондан аз ҳар гуна зарбу лат ҳангоми яхбандӣ ва тирагии ҳаво бояд:
оҳиста роҳ гардед, ҳаргиз саросема нашавед, то налағжед. Вақте эҳсос кардед, ки меафтед, дар ҷойи худ биншинед, то аз зарби афтиш аз ҷойи баланд худро ҳифз кунед;
барои дар роҳҳои барфиву яхӣ ҳаракат кардан, ҳатман пойафзоле пӯшед, ки налағжад;
ҳангоми аз чорроҳаҳо гузаштан ҳаргиз саросема нашавед, бахусус агар ҳаво туману торик бошад. Ҳамеша ба зер нигоҳ кунед, мабодо, ки пой болои ях нагузоред.