Медведев дар бораи тағйироти қатъӣ дар раванди муҳоҷират гуфт

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, раванди муҳоҷират дар кишвар бояд ба шеваи ҷадид сурат бигирад, аммо дар ҳоли ҳозир мушкилоте дар ин хусус вуҷуд дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар бораи мушкилоти соҳаи муҳоҷират сухан гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия бояд як "раванди мутамаддин" бошад, аммо дар ин маврид мушкилот вуҷуд дорад, гуфт ӯ дар мусоҳиба бо расонаҳои русӣ.
Дар робита ба ин Медведев афзуд, ки қонунгузории муҳоҷират дар кишвар тағйир хоҳад ёфт ва тасмимҳои гирифташуда "ҳам нарм ва ҳам ҳалкунанда" хоҳанд буд.

"Қоидаҳо аз як тараф барои омадани чунин ашхос (идора - хориҷиён) мусоид бошанд, аз тарафи дигар бояд ба таври оқилона сахтгир бошанд, то одамоне, ки барои кор меоянд, қонунгузории моро пурра риоя кунанд”, - гуфт ӯ.

Медведев тавзеҳ дод, ки имрӯз ҳеҷ кишваре наметавонад бидуни вуруди муҳоҷирон кор кунад. Аммо муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд дорад, нақзи қонун ба қайд гирифта мешавад.
Мавсуф афзуд, бархе аз тасмимҳо дар мавриди тағйири муқаррарот дар мавриди шаҳрвандони хориҷӣ аллакай гирифта шуда, бархе аз онҳо дар марҳилаи омодагӣ ҳастанд.
Барои муҳоҷирон дар вилояти Маскав чӣ корҳое анҷом дода мешавад?
"Дар ҷое бояд нарм бошанд, аммо дар ҷое қатъӣ. Агар дар бораи ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ва истифода аз нерӯи онҳо сухан гӯем, пас ба ин маъно барои ихроҷи ин гуна афрод бояд тасмимҳои начандон сахт гирифта шавад", — гуфт Медведев.
Медведев ҳамчунин аз мутобиқшавии муҳоҷирон ёдовар шуда гуфт, онҳое, ки барои кор меоянд, бояд забони русиро донанд ва фарҳанги сермиллатро дарк кунанд.
Муҳлати иқомат барои як гурӯҳи муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд: кадом?
"Онҳо бояд ба шароити ҳаёти давлати мо мутобиқ карда шаванд. Танҳо дар ин сурат мардуми мо онҳоро дарк хоҳанд кард", - бовар дорад Дмитрий Медведев.